Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ иброз намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои ду кишвар, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дарки амиқи марҳилаҳои рушди ҳамкории мутақобили судманд такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар идома аз ҷониби ҳунармандони Муғулистон барномаи рангини консертӣ бо таронаю оҳанг ва рақсҳои миллии ин кишвар пешниҳод карда шуд.
Бояд гуфт, ки қабл аз оғози маросими ифтитоҳ дар саҳни бинои театр намоиши расмҳои рассомони Муғулистон баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 23 то 26 июл Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар доираи сафари давлатӣ 24 июл дар Қасри миллат мулоқоту музокироти сатҳи олии ду давлат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух баргузор гардид. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот байни Тоҷикистону Муғулистон 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС: АМИТ «Ховар»














Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






