Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Қабл аз оғози гуфтушунид Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров аз толорҳои зебову барҳавои бинои нави Парламент — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Сипас меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар Китоби меҳмонони фахрии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соядаст гузошт.
Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии миёни ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба тавсеаи муколамаи байнипарламентӣ ва ҳамкории амалии Маҷлиси миллӣ бо Жогорку Кенеш таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аз тамоили мусбати рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, талошҳои созандаи Сарони ду давлатро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити ҳасанаи кишварҳо ва мардумони бародари тоҷику қирғиз таъкид намуданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ба имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст, баҳои баланд доданд.
Зимни суҳбат доираи васеи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муфассал баррасӣ карда шуданд.
Зарурати андешидани тадбирҳои босамар дар доираи Шўрои байниҳукуматӣ ҷиҳати густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, таъкид гардид.
Ҳарду ҷониб таҳкими алоқаҳоро дар бахшҳои фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон муҳим шумориданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ барои рушди босифати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ тавассути истифодаи самараноки зарфиятҳои ду кишвар заминаҳои нави мусоид фароҳам хоҳанд овард.
Истифодаи ҳарчи бештари неруи ҳамкории байнипарламентӣ барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои ду давлат ба манфиати мардумони бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон зарур шуморида шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, доир ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд






