Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 19.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва ҷаласаи 14-уми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа ҳайатҳои ҳарду ҷониб таҳти роҳбарии ҳамраисони Комиссия – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ва муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангию гуманитарӣ, кишоварзӣ, муҳоҷират ва мушкилоти ҳалталаби бахши мазкур, ҳамчунин мавзуи ҳифзи аҳамияти таърихии 80-солагии Рӯзи Ғалаба мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо муҳиммияти густариши робитаҳои байнипарламентиро дар рушди муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Русия таъкид намуда, барои тақвияти минбаъдаи шарикии мутақобили судманд дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори омодагӣ намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа нақшаи кори Комиссия барои солҳои 2025-2026 қабул ва масъалаҳои тадорукотии муколамаҳои оянда муайян карда шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






