Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд

Июль 8, 2025 22:22

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми рӯзи 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори меҳмони олимақом муҳтарам Садир Жапаров бо нишони қадршиносӣ дар фазои дӯстию бародарӣ маҳфили “Шоми дӯстӣ” барпо намуданд.

Зимни сайру гашти шомгоҳӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз намоиши маҳсулоти тару тоза, аз қабили меваю сабзавот дидан намуданд.

Дар роҳравҳои алоҳидаи як гӯшаи зебову дилнишини бӯстонсаро навъу намудҳои мухталифи маҳсулоти кишоварзии бо шаклу услуби хос ороёфта, ба меҳмонон пешкаш гардид.

Роҳбари кишвари ҳамсоя бо имкону захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат шинос шуданд.

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров барои меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ, ки аз ҷониби Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, изҳори сипосу хушнудӣ намуданд.

Боздиди Сарони давлатҳо аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.07.2025

Июль 8, 2025 22:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд