Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 11.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот дар маркази шаҳри Панҷакент бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шаҳри бостонии Панҷакент барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни истиқлол то имрӯз 47 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 36 иншооти тандурустӣ, 59 муассисаи маориф, 9 иншооти фарҳанг, 32 майдончаи варзиш, 8 бинои маъмурӣ, 21 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхона, 117 иншооти савдо ва хизматрасонӣ, 92 километр роҳ, 37 пул, 14 бинои истиқоматии баландошёна ва 321 иншооти дигар сохта, ба истифода дода шудааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли мардуми шарафманди Панҷакент, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои заҳмати ватандӯстона дар бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва корҳои ободониву созандагӣ ибрози сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи шаҳри Панҷакент, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум беш аз 9,3 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти шаҳр 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳр 26 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 1,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 6 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 100 миллион сомонӣ идома дорад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Панҷакент яке аз аввалинҳо шуда, аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт. Ҳоло дар шаҳр 52 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли гузашта 7 адад зиёд мебошад.
Барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда дар самти рушди соҳаи саноат, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба рушди соҳаи саноат тавассути ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Хотирнишон гардид, ки бо шарофати бунёди иншооти энергетикӣ ва нақлиётӣ хусусан, таҷдиду навсозии шоҳроҳи Айнӣ — Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 770 миллион сомонӣ ду мушкилии асосии сокинони шаҳри Панҷакент — норасоии неруи барқ ва мушкилоти рафту омад ба пойтахти кишвар ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бартараф гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ зарур шумурданд, ки бо истифодаи оқилонаи обу замин, инчунин, бо роҳи таъсиси корхонаҳои коркарди мева ва сабзавот барои бо маҳсулот таъмин кардани на фақат бозори дохилӣ, балки содирот тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
Гуфта шуд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои назаррас, дар соҳаи маорифи шаҳр ҳанӯз як қатор масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд, ки роҳбарону масъулони шаҳр ва сохтору мақомоти дахлдор барои бартараф намудани онҳо бояд тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Барои ислоҳи камбудиҳои соҳаи тандурустӣ, бахусус норасоии кадрҳо Роҳбари давлат ба сохторҳои марбута супоришҳои мушаххас доданд.
Шаҳри бостонии Панҷакентро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз мавзеъҳои муҳим барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон номиданд.
Аз ин лиҳоз, зарур шумурда шуд, ки ба тақвияти имкониятҳои мавҷудаи шаҳр, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, омода кардани роҳбаладони касбӣ, рушди ҳунармандӣ ва баланд бардоштани хизматрасониҳои сайёҳӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Панҷакент минбаъд низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил мегарданд.









Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






