Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд

Июль 11, 2025 07:20

ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд.

Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Масоҳати умумии маҷмаа 8 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» аз як ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он китобхонаи замонавӣ бо 5 ҳазор адабиёти ҷаҳонии муосир, классик ва бачагона, коргоҳи пойафзолбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол, кошонаи ҳусн, толори варзишӣ, ҳуҷраҳои кории мактаби варзишии ноҳия, хонаи бахт, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани онро барои таъмини инфрасохтор дар бахшҳои алоҳида неку муассир арзёбӣ намуданд.

Қобил ба зикр аст, ки бинои маҷмааи «Боғистон» бо тарҳ ва усулҳои хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, ба яке аз маконҳои хуби сайругашти сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.

Саҳн ва атрофи бино сабзкорӣ шуда, барои истироҳати сокинон суҳбаткадаву айвонҳои муосир бунёд гардидааст.

Коргоҳи истеҳсоли пойафзол, дар асоси барномаи рушди саноатикунонии кишвар рӯи даст гирифта шуда, тамоми таҷҳизоти насбгардида, истеҳсоли насли нав мебошад ва неруи барқро сарфа мекунад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло иқтидори истеҳсолии коргоҳ 20 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, бо назардошти зиёд гардидани талабот ҳаҷми истеҳсол афзоиш ва теъдоди коргарон низ ба маротиб зиёд карда мешавад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз китобхонаи маҷмаа дидан карда, бо шароити кории он шинос шуданд.

Дар китобхонаи электронии ин махзани илм 2 ҳазор адабиёт маҳфуз буда, барои дӯсторони каломи бадеъ имконияти мусоид муҳайё шудааст.

Гӯшаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” қисмҳои алоҳидаи китобхонаро ташкил медиҳад, ки бо адабиёти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш дар Маҷмаа Муассисаи давлатии Мактаби варзишии ноҳиявӣ бо назардошти толору дигар инфрасохтори зарурӣ фаъолият менамояд.

Ҳамчунин, толори варзишӣ барои бозиҳои тенниси рӯи миз, гуштин, вазнбардорӣ ва бозиҳои шашкаву шоҳмот пешбинӣ шудааст. Ҷавонону варзишгарон барои ин иқдоми Роҳбарияти олии кишвар изҳори сипос намуданд.

Хонаи ақди нигоҳ ва кошонаи ҳусн аз имкониятҳои алоҳидаи маҷмаа аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Тарабхонаи миллии маҷмаа дорои 150 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани чорабинҳои гуногун мувофиқ мебошад. Тарҳ ва намои тарабхона сирф миллӣ буда, бо санъати баланди меъмории муосир ҳаккокӣ шудааст.

Дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 80 нафар ятимон ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Мавриди зикр аст, ки чун аънана Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, маҷмӯи сару либос ва кумаки молиявӣ тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯст туҳфаҳои арзишманд  гирифтанд. Кудакон аз он изҳори хушҳолӣ мекунанд, ки ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияҳои муосир ҳидоят намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад.

Июль 11, 2025 07:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Спитамен якчанд иншооти маорифу тандурустӣ ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ашт баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Восеъ баргузор шуд
Дар Рӯзи фарҳанги ноҳияи Вахш дастовардҳои давоми соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Зафаробод Маркази стоматологӣ кушода шуд
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд