Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд

Июль 11, 2025 07:05

ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ хатти оби нӯшокиро, ки барои 500 оила пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Барои захираи оби тоза ва таъмини доимии мардум дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавзи нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб бунёд шудааст, ки барои сокинони деҳаи Сангистон туҳфаи арзанда дониста мешавад.

Хатти оби ошомиданӣ тариқи чоҳи амудӣ аз умқи 35 метр ба воситаи обкашҳои махсуси барқӣ бароварда шуда, ба минтақаҳои аҳолинишин, ки дуртар аз саргаҳи он қарор доранд, дастрас карда шуд.

Лоиҳаи хатти оби нӯшокӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ шудааст ва амалишавии он қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда мебошад.

Бунёди иншоот моҳи майи соли равон оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом ёфтааст. Барои анҷоми корҳои сохтмон беш аз 30 мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин буд.

Мавриди зикр аст, ки деҳаи Сангистон аз минтақаҳои сераҳолии ноҳияи Айнӣ ба шумор меравад ва марҳилаи рушду пешрафти он замони солҳои соҳибистиқлолӣ дониста мешавад. Ҳоло шумораи аҳолии ин деҳот, тибқи нишондодҳои оморӣ ба ҳолати моҳи январи соли 2025 ба беш аз 2 ҳазору 475 кас мерасад.

Аз сабаби афзоиши шумораи аҳолӣ дар деҳаи Сангистон талабот ба оби тозаи ошомиданӣ зиёд ва аз ин ҳисоб маҳдудият ҷорӣ гардида буд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби нӯшокӣ сокинони деҳа шабонарӯзӣ бо неъмати табиӣ таъмин шудаанд.

Иқдоми мазкур дар заминаи пешниҳоди ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон доир ба масоили обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” амалӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастандаркорон барои ҳамраъйии онҳо дар амалишаваии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, иҷрои ин амалӣ хайрро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.

Сокинони деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба Сарвару роҳнамои худ, барои ғамхории пайвастаашон изҳори қадрдонӣ карда, баҳри саҳмгузорӣ дар ободӣ ва гулгулшукуфоии Ватан омодагии худро таъкид намуданд.

Барои таъмини инфрасохтор 6 километр роҳи даруни деҳа, ки маркази ноҳияро бо деҳаи Сангистон мепайвандад, пурра мумфарш гардида, баҳри ҳаракати бемамониати нақлиёт шароити муносиб фароҳам оварда шуд.

Роҳи мазкур бо назардошти талаботи муосири роҳсозӣ бунёд шуда, чароғон гардидааст. Саҳми назарраси сокинону шахсони ҳимматбаланди деҳа дар ҳамаи ин ободониҳо аз ҷониби Сарвари давлат намунаи ибрат номида шуд.

Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ 11.07.2025

Июль 11, 2025 07:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд