Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд

Июль 3, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Винни Вэй Ванг мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба бо таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаи энергетика, пеш аз ҳама, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, ҳоло татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои  энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ ва ғайра идома дорад.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид намуданд.

Июль 3, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд