Соҳибкорону сокинон дар корҳои ободонии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд
ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 соҳибкорон ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ барои корҳои ободонӣ ба маблағи 21 миллиону 438 ҳазор сомонӣ саҳм гузоштаанд. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласа оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рӯдакӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2025 иттилоъ дода шуд.
Дар ин давра 3 бунгоҳи тиббӣ, 60 синфхонаи иловагӣ, 6 майдончаи варзишӣ сохта, 6,7 км роҳҳо мумфарш карда шуданд. Дар айни замон сохтмони 10 муассисаи томактабӣ барои қариб 2000 кӯдак идома дорад.
Инчунин сохтмони муассисаҳои таълимии №23, №75, №31, муассисаи таълимӣ дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи деҳаи Шабода ва деҳоти Лоҳур оғоз гардида, тибқи нақша, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия сохтмони 288 синфхона барои 6970 хонанда идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёд ва навсозии 483 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли 2025 231 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 47,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






