Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 07.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 июл собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Тамара Абдушукурова ҳунарпеша, коргардон ва собиқ Вазири фарҳанги Тоҷикистон 24 августи соли 1940 дар ноҳияи Рашт (собиқ ноҳияи Ғарм) ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва буда, дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон фаъолият намудааст. Инчунин дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор ва баъдан дар вазифаҳои муовин ва ректори донишкада кор кардааст.
Солҳои 1990 то 1992 Тамара Абдушукурова ҳамчун Вазири фарҳанги Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Инчунин номбурда дар саҳна бо нақшҳои хотирмон, бахусус симои занони нерӯманд, маҳбубият пайдо кард. Аз ҷумла, нақшҳои ӯ дар намоишномаҳои «Шоҳ Гавазн», «Ҷавоне аз шаҳри мо», «Деҳотӣ», «Дуэл» ва «Иродаи зан» мебошад. Ҳамчунтн ба ҳайси коргардон чандин намоишномаҳои машҳурро рӯи саҳна овардааст, аз ҷумла «Никоҳи мунтахаб», «Ёрони маҳбуб», «Беҷиҳоз» ва «Зангирӣ» мебошад.
Тамара Абдушукурова бо унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






