Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷ дар шаш моҳи соли 2025 ба 33,9 миллион доллар расид
ДУШАНБЕ, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат 90 ҳазору 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 33 миллиону 900 ҳазор доллар содирот шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 200 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зуҳурзода иттилоъ дод.
Тавре Хуршед Зуҳурзода иброз дошт, маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби меваи хушк ба маблағи 18 миллиону 200 ҳазор доллар, меваҷот ба маблағи 7 миллиону 900 ҳазор доллар, сабзавот ба маблағи 4 миллиону 700 ҳазор доллар ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 3 миллиону 100 ҳазор доллар содирот шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз Тоҷикистон ба 50 мамлакати хориҷаи дуру наздик маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд






