Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд

Июль 24, 2025 19:20

ТУРСУНЗОДА, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаҳои Ортиқ Ҷумаев ва Темурмалики Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода  нуқтаҳои оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Сокинони деҳаҳои Ортиқ Ҷумаев ва Темурмалик солҳо боз ба мушкилоти нарасидани оби нӯшокии тоза гирифтор буданд. Хушбахтона,  бо ташаббуси яке аз шахсони саховатпеша, соҳибкори ватандӯст Ибодулло Имомов аз чуқурии 190 метр об бароварда, сокинони зиёда аз 500 хоҷагии деҳаи Ортиқ Ҷумаевро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намуданд. Ин ташаббуси неку шоистаи соҳибкор сабаби хушҳолии тамоми сокинони деҳа гардид.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода барои чунин амали хайр ба соҳибкор миннатдорӣ баён намуд. Ҳамчунин сокинону фаъолони деҳа даъват шуданд, ки дар ояндаи наздик бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас дар деҳа як кӯдакистони наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шавад. Аҳли деҳа ин таклифи роҳбарияти шаҳрро бо ҳамовозӣ дастгирӣ карда, ваъда доданд, ки аз пайи иҷрои ин иқдом мешаванд.

Ҳамчунин бо дастгирии  аҳли деҳаи Темурмалики Ҷамоати деҳоти Навобод аз чуқурии 180 метр оби тозаи нӯшокӣ  бароварда шуд. Ин оби ошомиданӣ ба тамоми манзилҳои истиқоматии деҳа тақсим карда шуд. Ташаббускории сокинони деҳоти Навобод дар доираи ҷашни бузургу таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Сокинони деҳаи Темурмалик бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар оянда низ созандагию бунёдкориро идома дода, дар рушду пешрафти диёр ҳиссаи арзанда мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 24, 2025 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад