Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод ҳамасола наздики 10 садяк замини назди бинои ҷамоатро самаранок истифода намуда, ҳосили онро ба кормандони ҷамоат ва қисме аз онро ба сокинон тақсим менамоянд.
Тавре раиси Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод Наврӯз Нуриддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, дар ҳудуди ҷамоат 134 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо имсол дар майдони зиёда аз 44 гектар картошкаи навъҳои маҳаллӣ кишт намудаанд.
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва назди биноҳои муассисаҳои давлатӣ дар таъмини амнияти озуқавории ҳар як оилаву кормандони сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла бо картошкаю сабзӣ, пиёзу помидор, бодирингу қаламфур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дорад.
Иброз гардид, ки имсол низ дар назди бинои ҷамоат картошкаю сабзӣ ва дигар зироат кишт намудаанд, ки нашъунамои он хуб мебошад. Ҳавои ин минтақа барои кишти сабзию картошка мувофиқ аст, аз ин рӯ сокинони ҳудуди ҷамоат имсол дар майдони 53 гектар заминҳои наздиҳавлигию заминҳои хоҷагии ёрирасон кишти картошка гузарондаанд.
Сокинони Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлолият ба боғдорию картошкапарварӣ машғул мебошанд, ки ҳамасола ҳазорҳо тонна картошкаю себҳои гуногунро ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод менамоянд.
Субҳониддини Маҳмуд,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






