Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус 2 июл, зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрӣ дар ҳошияи 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид доир шуд.
Дар он ҷонибҳо масъалаҳои ташкили гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Рим бо назардошти санъати меъмории миллӣ, тезонидани раванди пешниҳоди ҳуҷҷати расмӣ доир ба ворид намудани гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ ба «Низоми мероси фарҳангии дорои аҳомияти ҷаҳонӣ», дастгирии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, таъмини амнияти озуқаворӣ, пайгирӣ ва тезонидани раванди амалишавии масъалаи воридоти қутосҳои наслдеҳ аз Муғулистон ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба нақши пешбарандии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабз ва дигар фондҳои сармоягузор, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мубориза бар зидди малах, ҳифзи гуногунии биологӣ, дастгирии ташаббусҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар мамлакат ва дигар масъалаҳои мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






