«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон ва Душанбе-Ҷидда барқарор менамояд
ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз барқарории парвозҳои мустақим дар ду хатсайри байналмилалӣ — Душанбе — Теҳрон — Душанбе ва Душанбе — Ҷидда — Душанбе иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, 14 июли соли 2025 парвозҳои мунтазам дар хатсайри Душанбе — Теҳрон — Душанбе аз нав оғоз гардида, парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд, ки ба мусофирон имконияти муносибро барои сафарҳои кориву сайёҳӣ байни Тоҷикистону Эрон фароҳам меорад.
Вақти парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар рӯзҳои душанбе 09:10 ва дар самти баргашт 11:00 бо вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Рӯзҳои ҷумъа вақти парвоз аз Душанбе 11:00, аз Теҳрон 13:50 мебошад.
Инчунин аз 20 июли соли 2025 «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе — Ҷидда — Душанбе ба роҳ мемонад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба дар моҳи июл рӯзҳои якшанбе ва минбаъд ҳафтае ду маротиба рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 23:00, аз Ҷидда 04:00 муайян шудааст.
«Хушҳолем, ки парвозҳо дар ин хатсайрҳо барқарор мешаванд ва мусофиронамон имкони истифода аз парвозҳои бароҳати байналмилалиро пайдо менамоянд. Итминон дорем, ки барқарории ин хатсайрҳо ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард», – мегӯяд Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ муваффақона фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат аст. «Сомон Эйр» ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст ва дар айни замон парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






