Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири тоҷикистонӣ дар Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки мазкур интихоб гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин интихоб бозгӯи нуфузи афзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва талошҳои пайвастаи ҷумҳурӣ дар самти тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш дар Пекин ҷаласаи солонаи Шурои мудирони Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ баргузор шуд, ки дар он Султон Раҳимзода — раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудир аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки мазкур иштирок намуд.
Дар ҳошияи ҷаласаи солонаи Шурои мудирони Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ноиби Президенти Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Константин Лимитовский баргузор гардид.
Дар доираи вохӯрии мазкур, байни ҷонибҳо созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 2,04 миллион доллари амрикоӣ барои дастгирии фаъолиятҳои иҷтимоии лоиҳаи «Сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод» ба имзо расонида шуд.
Инчунин намояндагони Тоҷикистон дар як қатор ҷаласаҳои муҳокимавии маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузорҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла ҷаласаҳо дар мавзӯи «Тарғиби инфрасохтори босифати фаромарзӣ: таҷриба ва сабақҳо аз амалияи ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ» ва «Мизи гирди тиҷоратии мудирон» иштирок ва сухан намуданд.
Маблағгузории Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика ва нақлиёт равона гардида, ба рушди устувор ва беҳсозии инфрасохтори мамлакат мусоидат менамоянд.
Ба ҳолати 1 майи соли 2025 Бонки мазкур дар Тоҷикистон барои татбиқи 4 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 410,5 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо намудааст. Аз ҷумла, дар моҳи декабри соли 2024 барои лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 270 миллион доллари амкрикоӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо гардид.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд






