ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» -и Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод панелҳои офтобӣ насб гардида, бо истифода аз онҳо чоҳи амудӣ ба кор дароварда шудааст. Ин иқдом бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ амалӣ гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тавассути неруи барқи аз панелҳои офтобӣ истеҳсолшуда заминҳои хоҷагии мазкур бо оби полезӣ таъмин гардида, раванди обёрии зироати кишоварзӣ беҳтар ба роҳ монда шудааст.
Тавре роҳбари хоҷагӣ Адҳамхон Бобоҷонов иттилоъ дод, то имрӯз 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст. Аз ин миқдор 6 адад панел манзилҳои истиқоматиро ба таври мунтазам бо неруи барқ таъмин менамоянд ва 50 панели дигар бо иқтидори 30 киловатт неруи барқ истеҳсол намуда, чоҳи амудиро фаъол месозанд.
Хоҷагӣ дорои 11,5 гектар замини корам буда, дар 6 гектари он пахта ва дигар зироати кишоварзӣ кишт карда мешаванд.
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар хоҷагии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» таҷрибаи нав ва манфиатовар арзёбӣ шуда, дар пайи он дигар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва масъулони ташкилоту муассисаҳо низ тасмим гирифтанд, ки аз чунин технологияҳои сабзу самаранок истифода намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






