ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июл, панҷшанбе, 205-умин рӯзи соли 2025 аст

Июль 24, 2025 08:00

24 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии рушд Созишнома дар бораи ҷудо намудани қарзи молиявӣ аз ҳисоби фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди Авруосиё ба маблағи 70 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.

***

24 июли соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар мавзуи «Об, беҳдошт ва тозагӣ» конфронс баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории иқтисодӣ ва рушди гардиши мол байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид.

***

24 июли соли 2019 дар Москва ҷаласаи Комиссияи иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

24 июл соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

24 июли соли 2023 хонандагони тоҷик дар даври ниҳоии Олимпиадаи 3-юми байналмилалии STEM, ки аз 18 то 23 июл дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса доир шуд, 9 медали тилло, 8 нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

24 ИЮЛ:

Дар Русия- Рӯзи гулпарвар. 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷамолиддин Каримзода – соли 1944,  шоири тоҷик 

Июль 24, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш