ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 июл, панҷшанбе, 212-умин рӯзи соли 2025 аст

Июль 31, 2025 08:00

31 июли соли 1994 Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои амалӣ намудани меъёрҳои байналмилалӣ дар барқарорсозии сохтори конститутсионии Гаити иҷозат дод.

***

16 сол пеш, 31 июли соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба истифодаи пурраи саноатӣ супорида шуд.

***

31 июли соли 2013 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мавзуъҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла роҳҳои татбиқи босамари санадҳои қаблан имзошударо баррасӣ намуданд.

***

31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  сафари расмӣ ва барои иштирок дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар намуданд.

***

31 июли соли 2022 Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ин сол дар мамлакат бо назардошти неругоҳҳои хурд беш аз 10,7 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  209,3 миллион кВт зиёд буда, суръати афзоиш 103,3 фоиз таъмин гардидааст.

31 ИЮЛ:

Рӯзи асбобҳои мусиқии ғайриодӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ — соли  1943- шоир, драманавис, адабиётшинос, аъзои Шурои Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» ва  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Барандаи ҷоизаи ба номи Деваштич.

Июль 31, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш