ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июл, сешанбе, 189-умин рӯзи соли 2025 аст

8 июли соли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.
***
8 июли соли 2004 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Рушайло маҷмӯи васеи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии байни мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мавзуъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
***
15 сол қабл, 8 июли соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айниро гузоштанд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.
***
8 июли соли 2013 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бинои нави Прокуратура ба истифода дода шуд. Бинои мазкур бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ сохта шудааст.
***
8 июли соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгари тоҷик Сорбон Латифов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбои рамзӣ барои ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки дар шаҳри Остона баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.
***
8 июли соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
8 июли соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Маҷористон Каталин Ева Верешне-Новак ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.
***
8 июли соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба Федератсия Русия, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Екатеринбург бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуд.
8 ИЮЛ:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.
***
Дар Русия — Рӯзи оила, боварӣ ва муҳаббат.