Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори навтаъйини минтақавии Бонки ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ Наҷӣ Бенҳасин ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории стратегии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми беназири бонкро дар татбиқи беш аз 100 лоиҳаи иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии қариб 3,3 миллиард доллари амрикоӣ таъкид намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар мулоқот таваҷҷуҳи хос ба лоиҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона гардида, зарурати суръатбахшии ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ва иҷрои саривақтии шартҳои созишномаи молиявии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Илова бар ин, пешниҳод гардид, ки марҳилаи дуюми Барномаи «Дастгирии сиёсати рушди устувор — Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир» (DPO) дар ҳаҷми 50 миллион доллари амрикоӣ тавассути механизми кафолати қарзӣ амалӣ карда шавад. Ин барои ҷалби бештари маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат имкон фароҳам меорад.
Ҳамзамон ҷонибҳо татбиқи «Омодасозии маблағгузории фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода» (Cat-DDO) ва натиҷаҳои мусбати ҷаласаҳои доимии баррасии портфели лоиҳаҳоро иброз намуданд. Вазири молия зарурати ҳарчи зудтар таъйини директори нави кишварии бонкро дар Тоҷикистон таъкид намуда, онро омили муҳими самаранокии татбиқи лоиҳаҳо арзёбӣ намуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






