Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд

Июль 1, 2025 14:55

ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика байни Тоҷикистон ва Чин дар мулоқоти муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш бо муовини роҳбари Идораи давлатии энергетикаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Жэн Сзиндун дар шаҳри Нинбои Чин баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 5-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардида, ҷонибҳо атрофи рушди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти идоракунии самараноки энергетика табодули афкор намуданд.

Муовини Вазири энергетика ва захираҳои об ба ҷониби Чин барои мизбонии сатҳи баланди Ҷаласаи 5-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои СҲШ ва муҳайё намудани фазои созгор ҷиҳати рушди муколамаи созанда изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ва васеъ намудани заминаҳои нав дар самти энергетика таъкид карданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2025 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд