Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад

Июль 8, 2025 18:05

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ба майдони тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, баррасии мушкилот ва дурнамои рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ табдил ёфтааст. Дар ин хусус имрӯз дар мароисми ифтитоҳи нахустин Форуми нассоҷӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир изҳор дошт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимнан таъкид гардид, ки тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ, ки ду сол қабл қабул гардид, дар назар аст дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода, коркарди пурраи пахтаи маҳаллӣ таъмин шавад. Таҷрибаи дигар кишварҳо бозгӯи он аст, ки рушди ин соҳа, сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва устувории иқтисодиётро ба хатарҳои беруна баланд мебардорад.

«Имрӯз соҳаи нассоҷӣ ба маркази инноватсия табдил ёфтааст. Мо таваҷҷуҳи афзояндаи истеҳсолкунандагони таҷҳизот, сармоягузорон ва шарикони рушдро мушоҳида менамоем. Яке аз вазифаҳои таъхирнопазир ин коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ мебошад. Тибқи маълумот, алҳол тақрибан 30% пахтаи парваришшуда дар дохили кишвар коркард шуда, боқимонда ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содир карда мешавад»,-гуфт Шералӣ Кабир.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон афзуд, ки «соли гузашта содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва нахи пахта ҳудуди 300 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Аммо бо ҷалби сармоя ва эҷоди занҷираҳои пӯшидаи истеҳсолӣ мо метавонем ин рақамро ба 3 миллиард доллар афзоиш диҳем. Ин комилан воқеӣ аст».

Таъкид шуд, ки рушди саноати пахта ва нассоҷӣ ба стратегияи чоруми миллии Тоҷикистон мутобиқ аст, ки ҳадафаш индустрикунонии босуръат ва ду баробар афзоиш додани истеҳсолоти саноатӣ дар тӯли панҷ сол мебошад.

«Саноати нассоҷӣ яке аз бахшҳои калидии иқтисоди мамлакат маҳсуб мешавад ва мо итминон дорем, ки саҳми он дар рушди саноат назаррас хоҳад буд. Рушди соҳаи нассоҷӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро ин соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди кишвар ба шумор меравад”, — гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

-Корҳо оид ба коркарди амиқи ашёи хом, аз ҷумла бунёди кластерҳои даврии пурра — аз парвариши пахта то истеҳсоли маҳсулоти тайёр идома доранд. Ин ба ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушд то соли 2030” ва “Стратегияи ҳифзи иҷтимоӣ то соли 2040», мутобиқат менамояд, — иброз дошт Шералӣ Кабир ва афзуд, ки ин тамоюл ба Тоҷикистон имкон медиҳад мавқеи худро дар бозорҳои байналмилалӣ тақвият бахшад, ҷойҳои нави кор таъсис диҳад ва сатҳи технологияи истеҳсолотро беҳтар созад. Ба назорати сифат дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолот ва ҷорӣ намудани инноватсия таваҷҷуҳи калон дода мешавад.

Номбурда афзуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкорӣ барои ҳамкории созанда ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки ҷойҳои нави кор эҷод менамоянд ва ба афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мусоидат мекунанд, омодаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Июль 8, 2025 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд