«ТОҶИ СОМОН». Дар ин синамоҷашнвораи байналмилалӣ синамогарон аз 20 давлат иштирок менамоянд

Июль 28, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» синамогарон аз 20 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд, ки ин барои рушди кинои тоҷик қадами муҳиму устувор дар ҷалби таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба синамои миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зимни нишаст таъкид гардид, ки дар доираи дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе баргузории Рӯзҳои кинои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Инчунин ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, дарси «Устод ва шогирд» ва Форуми байналмилалии синамоӣ бахшида ба 60-солагии коргадони машҳури тоҷик, барандани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Бахтиёр Худойназаров пешбинӣ гардидааст.

Вобаста ба интихоби филмҳо барои Синамоҷашнвора иброз гардид, ки дар ҷашнвора асосан филмҳои бадеӣ ва кӯтоҳ пешниҳод мешаванд. Интихоб ва пешниҳоди онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамони байналмилалӣ тибқи низомнома анҷом дода мешавад. Айни ҳол аксари давлатҳо филмҳои худро пешниҳод намудаанд ва қарор аст, ки интихоби ниҳоӣ то 15 сентябр анҷом ёбад.

Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир карда мешавад. Синамоҷашнвора дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. Якумин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» соли 2023 доир шуда буд.

Бояд гуфт, ки мақсади гузаронидани синамоҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Июль 28, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд