Тоҷикистон ба низоми 10-балаи баҳогузорӣ мегузарад?

Июль 28, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки аз 1 сентябр муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба низоми баҳогузории 10-бала гузаранд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре Вазири маориф ва илм илова намуд, барои гузариш ба низоми 10-бала корбарӣ идома дошта, журналҳои баҳогузорӣ низ барои низоми бисёрхола омода мебошанд.

Ба андешаи коршиносон, яке аз вазифаву ҳадафҳои асосии низоми нави бисёрхола мутобиқ ва мувофиқ намудани меъёрҳои баҳодиҳии мамлакат ба меъёрҳои байналмилалии баҳодиҳӣ буда, ба таъмини баробарарзишии ҳуҷҷатҳои хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ва бартараф намудани мушкилоти шаҳрвандон дар идома додани таҳсил дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷи дуру наздик мусоидат менамояд.

Низом имкон медиҳад, ки системаи арзёбии дохилисинфӣ ва аттестатсия (имтиҳонот) — таъминкунандаи фаъолияти самарабахши системаи таҳсилот такмил ёфта, воситаҳои арзёбии баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои давлатҳои пешрафта омода гардад.

Бояд гуфт, ки Низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ ва аз ҷиҳати илму маориф пешрафта, ба мисли Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, ИМА, Фаронса, Эрон  ба таври 20-хола ва ғайра амалӣ гардида истодааст. Дар аксарияти кишварҳо аз меъёрҳои бисёрхолаи баҳодиҳии 10, 12, 20- хола истифода мебаранд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд