«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Юсуф-плаза»-и шаҳри Ҳисор бо номи «Тоҷикистон, ба пеш!» ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Ба ин муносибат маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст ба чанд нафар кормандон шаҳҳодатномаи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Бо ҷонибдории аъзои ҳизб раиси ташкилот ва муовини он интихоб гардиданд.
Дар идомаи маҷлис доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, истифодаи самараноки қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», оид ба беҳтар намудани шароити фарзандон барои китобхонӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», пардохти саривақтии маблағҳои хизматрасонии коммуналӣ, махсусан маблағҳои истифодаи қувваи барқ, об, партов ва замин, оид ба вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон, афзун гардидани хатару таҳдид ба амнияти саросари кишвар, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, шуғли пурмаҳсул, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавон, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, кишту кор, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ дар доираи меъёрҳои қонун, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъалаҳои муҳим сухан гуфта шуд.
Дар фаромади маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии «Тоҷикистон, ба пеш!» Муҳаммадалӣ Қодиров иброз дошт, ки аъзои ташкилот барои татбиқи амалии Оиннома ва Барномаи ҳизбӣ, инчунин дастуру супоришҳои Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






