Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба аҳолии Тоҷикистон ба маблағи 8 миллион сомонӣ тавассути алоқаи почта хизмат расонида шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 беш аз 200% зиёд аст. Дар ин хусус 23 июл дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Тавре сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло иброз намуд, дар айни замон бо ҳамтоён аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур барои ирсоли почта дар самтҳои гуногун ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, мубодилаи почта бо Русия пас аз як соли танаффус- аз 20 майи соли 2025 барқарор карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






