Тоҷикистон ва Беларус густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва кишоварзиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар доираи машварати 10-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Юрий Горлов вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо баргузории ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷаласаи 37-уми вазирони кишоварзии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки аз 17 то 20 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи бунёди корхонаҳои коркарди ширу гӯшт, воридоти чорвои хушзоти самти гӯштию ширӣ, афзоиши содироти хушкмева ба бозори Беларус, таҳкими иқтидори Ҷамъияти саҳомии ҶСШП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор дар самти ҷамъу васли трактору механизм ва комбайнҳои ғалладарави тамғаи GS-5, таъсиси корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, ҷудо намудани бурсияи бештар барои донишҷӯёни Тоҷикистон, ҷалби бештари таҷрибаомӯзони тоҷик ба корхонаҳои истеҳсолии Беларус, таҳкими ҳамкорӣ дар самти боғу токпарварӣ, тухмипарварӣ, парандапарварӣ, тағйирёбии иқлим ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасонро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо вобаста ба тақвияти гардиши молу маҳсулот байни ду давлат, таҳкими ҳамкорӣ дар самти кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, сармоягузорӣ, ҳавасманд намудани доираҳои соҳибкорӣ ва тезонидани раванди бунёди хонаи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Минск низ ибрози назар намуданд.
Зимни баргузории ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доираҳои соҳибкорӣ бештар ҷалб шуда, ба хотири афзоиш додани гардиши молу маҳсулот байни ду давлат санадҳои ҳамкории дуҷониба дар самти бахши хусусӣ ба имзо расонида мешаванд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






