Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8 июл зимни музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки зимни он Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.
Ёддошти мазкур ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти тағйирёбии иқлим, ифлосшавии об ва ҳифзи гуногунии биологӣ равона шудааст. Ин санад табодули таҷриба ва технология, ҳамчунин таҳқиқот ва ташаббусҳои муштаракро барои беҳбуди вазъи экологии минтақа пешбинӣ мекунад.
Ҳамзамон дар доираи Ёддошти тафоҳум экспедитсияҳои муштараки тадқиқотӣ оид ба омӯзиши гуногунии биологӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, мониторинги муштараки ҳайвоноти ваҳшӣ дар минтақаҳои фаромарзӣ гузаронида шуда, минтақаҳои табиии фаромарзии махсус муҳофизатшаванда, аз ҷумла муайян намудани долонҳои имконпазири муҳоҷират барои ҳифзи намудҳои нодири набототу ҳайвонот таҳия мегардад.
Инчунин лоиҳаҳои дуҷониба оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия ва татбиқ мешаванд.
Ҳамзамон дар доираи ин санад ҷонибҳо ҳамкориро дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз», ҳифзи гуногунии биологӣ, идоракунии устувори минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва дигар минтақаҳои афзалиятноки экологӣ, таҳкими захираҳои кадрии мутахассисон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳии экологии фаромарзӣ ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва рекреатсионӣ дар манзараҳои кӯҳӣ тақвият медиҳанд.
Инчунин дар доираи ин санад ду кишвари ҳамсоя тадқиқоти муштараки экосистемаҳои бабри барфӣ ва шикори он дар ҳудуди мувофиқашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мегузаронанд. Инчунин экспедитсияҳои муштараки тадқиқотӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо, семинару конференсия ва тренингҳои муштарак бо мақсади баланд бардоштани таҳассуси мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист ташкил ва гузаронида мешаванд. Барномаҳои муштараки таълимии аҳолӣ, ки ба баланд бардоштани маданият ва маърифати экологӣ нигаронида шудаанд, таҳия ва татбиқ мегарданд.
Дар маҷмӯъ, санади мазкур ба ҳамкории зич байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Ҷумҳурии Қирғизистон ва ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамҷавории кишварҳо ва таъмини рушди устувори минтақа мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






