Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Дар баробари имзои як қатор санадҳо, аз ҷониби директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин ва Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Сидиков Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ва аккредитатсия ба имзо расонида шуд.
Мақсади Созишнома пешбурди тақвияти ҳамкории тарафҳо, ҳамоҳанг намудани низоми миллии стандартизатсия ва таъмини ягонагии ченак ва сертификатсия, мубодилаи таҷриба ва дар ин замина бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






