Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров масоили ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби ҳамкории бисёрҷониба муфассал баррасӣ намуданд. Дар ин хусус 8 июл дар нишасти матбуотии Сарони ду кишвар иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, соддагардонии расмиёти ҳамлу нақли бор, инчунин ҳалли масоили марбут ба рушди логистика ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
«Мо барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рафтуомади мардум, интиқоли бор ва хидматрасонӣ тақвият бахшидани кор ва таҷдиди гузаргоҳҳои сарҳадиро муҳим арзёбӣ намудем», — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Қирғизистон «Тоҷварон-Қарамиқ» байни ноҳияҳои Лахш ва Чон-Алай, ки аз ҷониби Сарони давлатҳо ба таври маҷозӣ боз шудааст, равобити дуҷонибаро таҳким бахшида, убури сарҳадро соддатар намуда, ба рушди ҳамкории наздимарзӣ мусоидат мекунад.
Ҷонибҳо саъю талоши тарафайнро ҷиҳати зиёд кардани шумораи парвозҳои мунтазам, инчунин хатсайрҳои автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ тасдиқ намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






