Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи энергетика тақвият медиҳанд

Июль 24, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи Ёддошти тафоҳум тарафҳо ҳамкории байниҳамдигариро дар бахши энергетика, бахусус дар самти истифодаи манбаъҳои энергетикаи обӣ тақвият медиҳанд. Дар ин замина табодули таҷриба дар бахши таҳия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва тақвияти иқтидори кадрӣ таҳким бахшида мешавад.

Имзои ин ёддошт қадами муҳим дар роҳи густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон маҳсуб мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд