Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар Ню-Йорк оид ба ҳуқуқи кӯдак ва инноватсия чорабинӣ доир намуданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 июл дар қароргоҳи ЮНИСЕФ дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳуқуқи кӯдак ва инноватсия: имкониятҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва бо дастгирии ЮНИСЕФ баргузор шуда, ба масъалаҳои таҳкими ҳуқуқи кӯдакон тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бахшида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ намояндагони ЮНИСЕФ, давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, Шурои миллии зеҳни сунъии Тоҷикистон, коршиносони соҳаи маориф ва намояндагони ширкатҳои инноватсионӣ иштирок намуданд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат аҳаммияти чорабиниро дар таҳкими ҳуқуқи кӯдак тавассути навовариҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди онҳо афзалият медиҳад.
Дар идома директори шарикӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ дар ЮНИСЕФ Мандип О’Брайен аз дастовардҳои муштараки Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ёдовар шуд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар мавзуи «Ҳуқуқи кӯдак ва дастовардҳои Тоҷикистон дар ин самт» сухан гуфта, изҳор намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимоя ва пуштибонии оила, модар ва кӯдак дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад.
Таъкид карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи кӯдак дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам гардида, тибқи моддаи 34-и он, модар ва кӯдак зери ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Тарбияи кӯдакон дар муҳити оила, рушди ҳамаҷонибаи шахсият ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва аъзои ғайриқобили меҳнати оила, ҷузъи муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Аз нақши ЮНИСЕФ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040, рушди барномаҳои рақамии таълимӣ ва дигар иқдомҳои муштарак низ ёдоварӣ карда шуд.
Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки ҷалби кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар даҳсолаи охир аз 12,3% (соли 2015) ба 23,7% (соли 2025) расида, бо ташаббус ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар панҷ соли оянда 800 муассисаи томактабӣ ва 1000 муассисаи таҳсилоти миёна бунёд мегардад.
Чорабинӣ Тоҷикистонро ҳамчун ҷониби фаъол ва ташаббускор дар истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати иҷтимоӣ, бахусус дар самти маориф ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон муаррифӣ намуда, фазои муносиб барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби бахши хусусӣ ва муаррифии таҷрибаи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам овард.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






