ҲУКУМАТИ ЭЛЕКРОНӢ. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба самти инноватсионии рақамӣ мегузарад
ДУШАНБЕ, 30.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисод»-и Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Дар доираи он вазорат пурра ба самти инноватсия гузашта, тамоми сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мутамарказ гардонида мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иттилоъ дод.
Солеҳа Холмаҳмадзода изҳор намуд, ки талаботи пешрафти тамоми давлатҳои мутараққӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин гузаштан ба ҳукумати электронӣ ва инноватсия ба шумор меравад. «Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд. Дар ин самт дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ аллакай амалӣ мешавад. Ба тамоми маводе, ки ба унвони вазорат меоянд, ба тариқи электронӣ посух дода мешавад. Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ намуда истодаем. Мутахассисон барои корбарӣ намудан дар самти инноватсия ва иқтисоди рақамӣ пурра омӯзонида мешаванд»,-баён дошт вазир.
Иброз гардид, ки Лоиҳаи ҳамгироии иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, ки он ба татбиқ ва гузариш ба ҳукумати электронӣ ва инноватсия равона карда шудааст. Бо амалишавии ин лоиҳа чигунагии омор, дурустии омор, омори муайян ва мушаххас, ки бояд ҳар вазорату идораи дахлдор дошта бошанд, аз ҷумла дар самти меҳнат ҳамаи он электронӣ ва мушаххас тақсимбандӣ карда мешавад.
Солеҳа Холмаҳмадзода баён дошт, ки дар ин самт бо татбиқи ин лоиҳа, ки бевосита ба самти иқтисоди рақамию инноватсия равона гардидааст, серверҳо дар бинои асосии вазорат ва ҳамзамон Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузошта мешаванд.
«Вақте ки пурра таҷҳизот насб гардид, вазорат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имкон доранд бо ҳам пайваст шуда, мутамарказ гарданд. Муҳлати лоиҳа ҳоло идома дорад. Мо қадамҳои нахустинро оғоз намудем ва ба Ҳукумати электронӣ гузаштем. Дар мавриди амалишавии лоиҳа мо имкон дорем тамоми омори мушаххас ва дақиқро аз система дарёфт намоем», — афзуд Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






