Вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июль 10, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истифода аз таҷрибаи марказҳои маъруфи ҷаҳонӣ, мақому нақши паркҳои технологӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, марказҳои инноватсионӣ ва саноатӣ дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Паркҳои технологӣ ва рушди инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, роҳбарони паркҳои технологӣ, бахши хусусӣ, инчунин олимону коршиносони ватанӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҳолат ва вазъи кунунии паркҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Таъкид шуд, ки паркҳо ҳамчун платформаи ҳамгироии истеъдодҳо, илм ва технологияҳои нав бояд хизмат намуда, ба таҳқиқотчиён, донишҷӯён ва соҳибкорони ҷавон имконият диҳанд, ки идеяҳои худро ба лоиҳаҳои амалӣ ва маҳсулоти инноватсионӣ табдил диҳанд.

Дар анҷоми ҳамоиш муколамаи озод байни мутахассисон, олимон ва коршиносони соҳа доир гардид, ки дар он раванди иқдомоти минбаъда ва роҳҳои татбиқи онҳо мушаххас карда шуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад