Вобаста ба истеҳсол ва истифодаи энергияи барқароршаванда дар иқтисодиёти «сабз» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар мавзуи «Истеҳсол ва истифодаи энергияи барқароршаванда (биогаз) дар иқтисодиёти «сабз»» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ иброз дошт, ки ҳамоиш дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои пешбурди принсипҳои иқтисоди «сабз» ва кишоварзии устувор, идоракунии захираҳо, рушди устувор тавассути инноватсия, истифодаи усул ва технологияҳои нави муосир ва расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» доир карда шуд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, коҳиши газҳои гулхонаӣ ва амалӣ намудани технологияҳои «сабз» бояд дар меҳвари ҳамаи барномаҳои миллии рушд қарор дошта бошад».
Дар ин замина Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи «Зарфиятсозии занони деҳот тавассути беҳтаркунии дастрасӣ ба энергияи барқароршаванда бо истифода аз биореактор»-ро дар минтақаҳои Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Ин лоиҳа занонро барои пухтупаз бо энергияи тоза таъмин намуда, вақти ҷамъоварии сӯзишвории аз пору гирифташударо, ки бештар занон сарф мекунанд, коҳиш медиҳад.
Бояд гуфт, ки низоми биореактор ба беҳтаршавии назарраси шароити хонаводаҳои деҳот мусоидат намуда, манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ фароҳам меорад.
Иброз шуд, ки истифодаи энергияи барқароршаванда (биогаз) сифати ҳавои дохили хонаро беҳтар карда, боиси коҳиши бемориҳои нафаскашӣ гардида, бахусус барои занону кӯдакон муҳити солимтар фароҳам меорад. Истеҳсоли биологии органикӣ ҳосилхезии хокро беҳтар намуда, нуриҳои кимиёвии гаронарзишро коҳиш медиҳад, амнияти озуқавории хонаводаҳоро таҳким бахшида ҳосилнокии кишоварзиро зиёд мекунад.
Бояд гуфт, ки энергияи барқароршаванда энергияест, ки аз манбаъҳои табиӣ гирифта ва пайваста барқарор мешавад. Ин манбаъҳо ҳеҷ гоҳ тамом намешаванд ва барои истеҳсолу истифодаи энергия истифода карда мешаванд.
Дар шароити муосири тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани талабот ба захираҳои энергетикӣ истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамчун ҷузъи муҳими иқтисодиёти «сабз» аҳамияти хос пайдо кардааст. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ ва иқтидори рушди дигар навъҳои энергияи тоза мебошад, барои гузариш ба иқтисоди «сабз» имконияти васеъ дорад.
«Энергияи барқароршаванда аз манбаъҳои табиие ба даст меояд, ки худ аз худ нав мешаванд, ба монанди энергияи Офтоб, шамол, об, геотермал ва биомасса. Истифодаи ин навъи энергия имкон медиҳад, ки партови газҳои гулхонаӣ коҳиш ёбад, муҳити зист ҳифз гардад ва сатҳи вобастагӣ аз сӯзишвории фосилӣ (нафт, ангишт) паст шавад»,-изҳор гардид зимни ҳамоиш.
Дар доираи иқтисодиёти «сабз» рушди энергияи барқароршаванда ба коҳиши таъсири манфии саноат ба табиат мусоидат намуда, барои ташкили ҷойи нави кор, рушди технологияҳои тоза ва ҷалби сармоягузории «сабз» шароит фароҳам меорад.
Рушди энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон на танҳо роҳи таъмини амнияти энергетикӣ, балки ҷузъи асосии рушди иқтисодиёти «сабз» низ мебошад. Бо истифодаи оқилона аз захираҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои муосир давлат метавонад дар оянда ба яке аз намунаҳои пешрафтаи иқтисодиёти «сабз» дар минтақа табдил ёбад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд






