Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид

Июль 8, 2025 14:27

ДУШАНБЕ, 08.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  Ёддошти тафоҳум бо мақсади густариши ҳамкории ду давлат  дар бахши иҷтимоӣ ба имзо расид.

Дар доираи ин санад, дар бахши иҷтимоӣ ҳамкории дуҷониба ва табодули таҷриба густариш меёбад.

Иброз шуд, ки бахши иҷтимоӣ яке масъалаҳои муҳими сиёсати мамлакат ба ҳисоб меравад.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Инчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ  дар ин самт пайваста чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки қаблан Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расида буд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2025 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд