Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 августи соли 2025 дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткӯл-2025» дӯстдорони варзиши экологиву сайёҳии «трейлраннинг» (пиёдагардӣ дар масири кӯҳистон) аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон иштирок намуда, дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км байни ҳам рақобат мекунанд.
Бояд гуфт, ки «трейлраннинг» яке аз намудҳои варзиши босуръат рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Он на танҳо давидан, балки озмоиши ҳақиқии устуворӣ аст, ки инсонро ба табиат наздиктар месозад. Варзишгарон бо иштироки худ дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткӯл-2025» на танҳо қувва меозмоянд, инчунин дар ҳифзи муҳити зист саҳм гузошта, аз табиати нотакрор ҳаловат мебаранд.
Яке аз ҳадафҳои асосии ниммарафон баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани дави варзишӣ, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ташкили чунин мусобиқаи сатҳи баланд дар мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстӣ байни варзишгарон ва барқарорсозии саломатии онҳо нақши муҳим бозида, ҳар иштироккунанда аз он таассуроти бою рангин мебардорад ва руҳану ҷисман ба табиат наздик мешавад. Ба назари коршиносон, бо назардошти мушкилоти экологӣ, ки имрӯз сайёраро фаро гирифтааст, баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, рушди варзиши сабук ва оммавӣ намудани он мусоидат менамояд.
Ташкилкунандагони Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткӯл-2025» барои ғолибон ҷоизаҳои молӣ ва туҳфаҳо таъсис додаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткӯл-2024» беш аз 200 варзишгар аз 12 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Ниммарафон бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






