200 нафар хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба истироҳатгоҳи «Шарора» ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз 200 нафар хонандагони фаъолу болаёқати пойтахт ба истироҳатгоҳи таълимӣ-фароғатии «Шарора», ки дар дараи Варзоб ҷойгир аст, ҷалб карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ин иқдом дар доираи «Барномаи давлатии ташкили истироҳати тобистона барои кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» амалӣ гардида, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе» ба роҳ монда шудааст.
Ҳадафи ташкили чунин лагери таълимӣ-фароғатӣ фароҳам овардани шароити арзандаи истироҳат ва тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон, баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои иҷтимоии наврасон, рушди қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонӣ дар муҳити табиию созанда ва шиносоии онҳо бо табиати нотакрори Тоҷикистон, хусусан дараи Варзоб мебошад.
Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» кӯдакон на танҳо истироҳат мекунанд, балки дар баробари омӯзиш, муоширати самарабахш, бозӣ ва омӯзиши муҳити табиӣ аз ҷиҳати руҳӣ ва ақлонӣ низ рушд меёбанд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






