Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро ифтитоҳ намуданд

Август 21, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 21.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар муҳлати 2 сол бунёд гардида, барои 450 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №59 бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 22 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, рақс, гимнастика, рассомӣ, толор барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 90 курсӣ, ошхона, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам оварда шуда, дар арафаи соли нави хониши 2025-2026 барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзанда номида шуд.

Дар кӯдакистони нав 129 парастору дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо ҳидоят намуданд.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расонидани кӯдакон ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.

Дар дораи нақшаи генералӣ солҳои оянда дар пойтахт ба ҳамин монанд бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин самт қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири соли 2025 10 кӯдакистони дигар сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Мувофиқи нақша дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад.

Ифтитоҳи кӯдакистони №59 дар шаҳри Душанбе 21.08.2025

Август 21, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
Дар Муъминобод бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши бошукуҳи адабӣ-фарҳангӣ доир гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон шумораи мактабҳо, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфт