35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 1411 иншоот ба истифода дода шуд

Август 9, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 6260 иншооти нақшавӣ дар вилояти Хатлон 5479 адад мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар соли равон 1411 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 122,3 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар бахши маориф 26 муассисаи таълимӣ ва дар соҳаи тандурустӣ 11 муассиса сохта шуда, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони беш аз 118 муассисаи таълимӣ ва 30 кӯдакистон идома дорад.

Дар мавриди роҳсозӣ ва инфрасохтори нақлиёт муовини якуми раиси вилоят изҳор дошт, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон 1420 километр роҳ ба маблағи умумии 103 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ шудааст.  Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024    47,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 9, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд