9 сентябр шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябри соли 2025 шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ.
Ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ шаршараи Ниагара 9 сентябри соли 2025, соати 07:00 (бо вақти Душанбе) / 8 сентябр, соати 22:00 (бо вақти Ню-Йорк) бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд.
Дар баробари фурӯзон гардидани Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушакпаронии ҷолиб низ пешкаш карда мешавад.
Чорабинӣ ба таври мустақим дар сомонаи зерин пахш мегардад:
https://www.earthcam.com/canada/niagarafalls/?cam=niagarafalls ва ё https://www.earthcam.com/world/canada/niagarafalls/thefalls/?cam=niagarafalls2
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2023 ва 2024 низ ба муносибати Истиқлоли давлатӣ шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон гардида буд.
АКС аз бойгонӣ








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд






