Ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Ёвон ба беш аз 1,5 миллиард сомонӣ расид

Август 8, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 08.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли  2025 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Ёвон ба 1 миллиарду 571 миллиону 42 ҳазору 500 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024   197 миллиону 272 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода 5 август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар ин давра аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳия Ёвон ба маблағи  847 миллиону 704,1 ҳазор сомонӣ  маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  126 миллиону 325,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар ин давра 117,5 фоизро ташкил дод.

Зимни нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 32 ҳазору 822 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024     629 гектар зиёд мебошад.

«Имсол дар ноҳия назар ба солҳои қаблӣ дар майдони 500 гектар зиёдтар пунбадона кишт карда шудааст»,-иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотӣ.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд