Ҳаҷми сармояи «Амонатбонк» афзуда, 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» соли равон ба зиёда аз 17 ҳазор корхонаю ташкилот, 879 ҳазор нафақагир ва 2,2 миллион пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ бо иштироки беш аз 3 ҳазор корманд хизмат расонидааст.
Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода ин нуктаро 5 август дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе зимни натиҷагирии фаъолияти «Амонатбонк» дар соли равон таъкид намуд.
Алиҷон Салимзода иброз намуд, ки дар ин давра фоидаи «Амонатбонк» то андозбандӣ ба 77 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 11 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳаҷми сармояи «Амонатбонк» дар ин давра 1 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 12,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Инчунин дар ин давра «Амонатбонк» ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар маҷмуъ 62,1 миллион сомонӣ маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2024 22,6 фоиз бештар аст.
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар соли равон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






