Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба маблағи беш аз 624 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд

Август 9, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 246 тафтишу санҷиш гузаронида, дар натиҷа ба маблағи 624,1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Дар ин хусус директори Агентӣ Сулаймон Султонзода 8 август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки бо андешидани тадбирҳои зарурӣ 616 миллион сомонӣ ё 98,7 фоизи зарари молиявӣ барқарор карда шуд. Ҳамзамон аз ҳисоби тадбирҳои иловагӣ, аз ҷумла рӯёнидани бақияпулиҳои андоз, зарарҳои ошкоршудаи соли қаблӣ ва даромад кардани зиёдомади молу мулк 21,9 миллион сомонии дигар барқарор гардид, ки ҷамъан 637,9 миллион сомонӣ ба манфиати давлат баргардонда шудааст.

«Илова бар ин, тавассути чораҳои иловагӣ, аз ҷумла таъйини ҷаримаҳои маъмурӣ ва рӯёнидани қарзи андозҳо 23,7 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шуд. Дар маҷмуъ, мақомоти Агентӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият 661,6 миллион сомонӣ маблағҳоро барқарор намуданд. Аз ин миқдор 267,9 миллион сомонӣ бевосита ба суратҳисобҳои буҷети давлатӣ ва 384 миллион сомонӣ ба корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, инчунин 9,7 миллион сомонӣ ба ҷомеаҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон рост меояд», — иттилоъ дод директори Агентӣ.

Гуфта шуд, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳамчунин 1245 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳои вобаста ба мақомотро нисбат ба 710 нафар ошкор намуданд. Тафтиши пешакии 571 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 528 нафар ба анҷом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намуданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд