Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо фаъолияти филиали Бонки федералии Олмон – Бундесбонк шинос гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси бонк Фирдавс Толибзода дар шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо фаъолияти филиали Бонки федералии Олмон — Бундесбонк шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Зимни шиносоӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Президенти шуъбаи минтақавии Бонки федералии Олмон- Бундесбонк дар Бавария Райнхолд Фолбрахт ва директори шуъбаи минтақавии ин бонк дар шаҳри Мюнхен хонум Мишел Кройссер мулоқот намуд.
Сафари ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон ба Олмон дар доираи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва табодули таҷриба байни бонкҳои марказӣ доир шуда, дар ҷараёни он ба фаъолияти маркази хазинавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Намояндагони Бундесбонк ба ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон доир ба технологияҳои муосири равандҳои коркард, низомҳои амниятӣ ва интиқоли пули нақд маълумоти муфассал пешниҳод намуда, масъалаҳои марбут ба назорати сифати банкнотаҳо ва мубориза бо пулҳои қалбакӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз фароҳам овардани имкони шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафта изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт ки «мо ҳамкориро бо ҳамкасбони олмонӣ қадр мекунем ва итминон дорем, ки таҷрибаи андӯхта ба такмили минбаъдаи фаъолияти мо, бахусус дар масъалаҳои танзиму назорати гардиши пул ва таъмини амнияти он мусоидат хоҳад кард».
Роҳбарияти филиали Бонки федералии Олмон дар шаҳри Мюнхен аҳамияти ҳамкории байналмилалиро барои нигоҳ доштани суботи низоми молиявӣ таъкид намуд.
Ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ ва идомаи табодули таҷриба дар самтҳои калидии фаъолияти бонкҳои марказӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






