Ҳайати Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ташриф оварданд

Август 21, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷилди якуми китоби мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби устодони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо забони арабӣ тарҷума шуда, омодаи чоп мебошад. Ин нукта зимни мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода бо ҳайати кории Вазорати маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар дар Душанбе иброз карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки роҳбарияти донишгоҳ ба ҳайати қатарӣ дар бораи кафедраи забони арабӣ, зинаи бакалаврият ва магистратура, даврҳои таъсис ва рушди забони арабӣ, ихтисосҳои амалкунанда дар заминаи забони арабӣ ва дигар иқдоми пешгирифтаи донишгоҳ маълумот пешниҳод намуд.

Ҷониби давлати Қатар иброз дошт, ки дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат омодаи ҳамкорӣ мебошанд.

Ба меҳмонон рӯнамоие пешниҳод гардид, ки дар он даврҳои таъсис, ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ дар зинаҳои таҳсил, самтҳои фаъолият ва рушди омӯзиши забонҳои тадрисшавандаи донишгоҳ намоиш дода шуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Август 21, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид