Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи Рушди СММ дар доираи лоиҳаҳои муштарак муҳокима гардид

Август 20, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва шарикӣ дар доираи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла навсозии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC 3.0) зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода бо намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ баррасӣ карда шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон таҳияи Гузориши ҳафтуми миллӣ оид ба гуногунии биологӣ, Нақшаи молиявӣ барои гуногунии биологӣ (BIOFIN), инчунин имконияти ҳамкорӣ дар доираи GEF-9 ва Фонди ҷаҳонии гуногунии биологиро баррасӣ намуданд.

Масъалаҳои марбут ба коркарди лоиҳаи истифода ва безараргардонии полихлоршудаи бифенилӣ (ПХБ) ва омодасозии Гузориши дуҷонибаи техникӣ (BTR) низ муҳокима гардиданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд