Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш тақвият меёбад

Август 9, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 09.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ мулоқот намуд, ки зимни он дурнамои ҳамкории минбаъда баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Раиси Кумита Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро яке аз шарикони боэътимод дар татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш номида, дастовардҳои муштаракро дар соли 2025 ёдовар шуд.   Аз ҷумла, гуфта шуд, ки бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид 7 гӯшаи эҷодӣ дар марказҳои ҷавонони мамлакат таъмир ва бо техникаи муосир муҷаҳҳаз гардида, майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Рӯшон таъмир карда шуд. Ҳамзамон бо иштироки муштараки ҷавонон якчанд чорабинии муҳим доир карда шуд.

Зимни мулоқот вобаста ба тақвияти ҳамкории минбаъда чанд пешниҳод, аз ҷумла доир ба идома додани кори муштарак оид ба рушди инфрасохтор барои ҷавонон ва варзишгарон, татбиқи лоиҳаҳо оид ба баланд бардоштани малакаҳои ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ, дастгирии ташаббусҳои сулҳовар ва таҳкими иҷтимоии ҷавонон, манзур карда шуд.

Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуда, таъкид карданд, ки лоиҳаҳои муштараки оянда барои рушди иқтидори ҷавонон ва васеъ намудани имкониятҳои онҳо мусоидат хоҳанд кард.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 9, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид