«АНДАЛЕБ-2025». Ҳунармандони Ҳисор дар даври минтақавии фестивал-озмун соҳиби холи баланд гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандону ҳаваскорони санъати шаҳри Ҳисор дар даври минтақавии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» дар байни ҳунармандони навоҳии тобеи марказ холи баландтаринро соҳиб гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки даври минтақавии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Ҳунармандону ҳаваскорони санъати шаҳри Ҳисор, ки 12 ҷамоати шаҳраку деҳот, муассисаю корхонаҳои шаҳрро намояндагӣ мекарданд, аз рӯи 12 номинатсия баромад карданд. Ҳакамон ба ҳунари санъаткорон холисона баҳо дода, дар ҷамъбаст ба онҳо 111,3 холро лоиқ донистанд.
Тавре дар ҷамъбасти озмун иброз гардид, ин рақам байни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ балантарин холе буд, ки ҳунармандони шаҳри Ҳисор сазовори он дониста шуданд.
Дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор намоиши ҳунарҳои мардумӣ, расму мусаввара ва маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






